Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯхтор дар бинои сафорати Амрико дар Душанбе


Имрӯз, 26 декабр, соати чаҳоруними пас аз зӯҳр дар бинои сафорати Амрико дар Тоҷикистон сӯхтор ба амал омад. Тибқи иттилоъи Нигина Алиева, як масъули матбуотии сафорат, сӯхтор дар хонаи муҳофизони сафорат аз ҷумлаи нерӯҳои баҳрии ИМА ба вуқӯъ пайваст. Ин нерӯҳо, ки аз ироаи теъдодашон худдорӣ карданд, масъулияти муҳофизати сафорати Амрико дар Тоҷикистонро бар дӯш доранд. Хонум Алиева афзуд, дар пайи ин сӯхтор ягон нафар зарар надидааст. Дар мавриди хисороти молӣ ва сабабҳои сӯхтор феълан иттилоъи дақиқ вуҷуд надорад. Хонум Алиева гуфт, ин сӯхтор бо кӯмаки хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе хомӯш карда шуд.
XS
SM
MD
LG