Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи баҳси Душанбеву Тошканд сари қимати газ


Як ҳайати масъулини ширкати “Тоҷикгаз” барои баррасии мавзӯъи қимати гази содиротии Узбакистон вориди Тошканд шуд. Тибқи иттилоъи ин ширкат, Узбакистон шурӯъ аз соли оянда қимати газро барои Тоҷикистон бештар аз як баробар афзоиш доданист. Тоҷикистон то имрӯз барои ҳар ҳазор метри мукааб гази Узбакистон 145 доллар пардохт мекунад ва аммо Тошканд тасмим гирифтааст сар аз моҳи январ қимати ҳар ҳазор метри мукааб газро 300 доллар муқаррар кунад. Тоҷикистон ҳамасола аз кишвари ҳамсоя тақрибан 600 миллион метри мукааб газ харидорӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол хабар расид, ки сар аз рӯзи 26 декабр ширкати "Узтрансгаз" ба далели сари вақт напардохтани қарз интиқоли газро ба Тоҷикистон 30 дар сад коҳиш додааст. Мақомоти "Тоҷикгаз" иқрор мекунанд, ки чун бархе аз корхонаҳои азими Тоҷикистон ҳаққи истифода аз газро то ҳанӯз пардохт накардаанд, ширкат имкони баргардонидани қарзҳои Узбакистонро надорад. Айни ҳол “Тоҷикгаз” аз ширкати “Узтрансгаз” 8 миллион доллар қарздор аст.

XS
SM
MD
LG