Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ ваколатҳояшро ба парлумон вомегузорад


Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури Гурҷистон хостори вуруди тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии кишвар шуд. Ӯ пешниҳод намуд, ки ваколатҳои сарвари давлат маҳдуд ва ваколатҳои парлумон бештар шаванд. Аз ҷумла, аз нигоҳи Саакашвилӣ, раиси ҷумҳур бояд аз ҳаққи пароканда кардани парлумон маҳрум гардад.

Пешниҳодҳои раиси ҷумҳур оид ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ ба кумитаи масоили ҳуқуқии парлумон ворид шуданд ва қарор аст Бюрои парлумон рӯзи 29 декабр баррасии онҳоро шурӯъ кунад. Тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Гурҷистон дар ҳоле ворид мешаванд, ки агар аз онҳо, аввалан, аксари мардум дар райъдиҳӣ ва баъдан аксари вакилони парлумон ҷонибдорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG