Пайвандҳои дастрасӣ

"Бобои барфӣ" афсурда буд


Дар канори шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА марде бо либоси Санта Клаус ё Бобои барфӣ дар маҳфили идона дар як манзил аз туфангча оташ кушод ва дасти кам шаш нафарро ба қатл расонд. Сипас “Бобои барфӣ” хонаро оташ зад.

Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, қотил - шаҳрванди 45-сола Брюс Ҷефрӣ Пардо чанде қабл аз хонумаш ҷудо шуда буд ва ин ҷудоӣ боиси афсурдагии шадиди ӯ гардид. Пардо дар либоси Бобои барфӣ ба маҳфил омада, хонуми собиқаш ва волидайну пайвандони ӯро ҳадафи тир қарор дод. Баъд аз ин куштор ӯ дар хонаи бародараш даст ба худкушӣ зад.
XS
SM
MD
LG