Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Солнома-2008: Геополитика дар Осиёи Марказӣ


Дигаргуниҳои геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ ва таъсири онҳо ба вазъи минтақа.

Агар дар Тоҷикистон нишаставу барои дарки таҳаввулоти геополитикии минтақа ба атроф нигаред, зарур меояд, ки гардани кас тавони гардиши комили 360-дараҷаиро дошта бошад. Ин бардоштест, ки аз сӯҳбат бо коршиносони умури минтақа ҳосил гашт.

Ҳар яке аз онҳо ба масъалаҳои гуногун ангушт мегузошт, монанди тақвияти дубораи Толибон дар Афғонистон, авҷи тундгароиҳо дар Покистон, хуруҷи Узбакистон аз Созмони ҳамкориҳои Авруосиё, афзоиши сармоягузории Чин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа худи Тоҷикистон, гармии нави байни Русия ва Қирғизистону сардии равобити Амрико ва Русия бар пояи ҷанги Гурҷистон, таваҷҷӯҳи густарда, вале то ҳанӯз ғуборолуди Иттиҳоди Аврупо ба минтақа ва ғайра.

Бешак, ҳамаи ин ҳодисаҳо ба сиёсати ҷуғрофиёӣ дар Осиёи Марказӣ таъсири муайяне доштаанд ва хоҳанд дошт. Аммо профессори Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии масъалаҳои ҷаҳон дар Ослои Норвегия Павел Боев мегӯяд, муҳимтарин ҳодисаи аз лиҳози геополитикӣ сарнавиштсози соли 2008 дар минтақа фурӯпошии нархи маводи энержӣ, филизот ва дигар ашёи хом аст, ки чанд моҳ боз идома дошта бошад ҳам, таъсири он ҳанӯз бармало нашуда ва худи кишварҳо ҳам ҳанӯз онро ба пуррагӣ дарк накардаанд. Профессор Боев мегӯяд, ин ҳолат на ба фурӯшандагон, ки асосан кишварҳои тавлидкунандаи маводи хом мебошанд ва на харидорон, ки ба хотири нафту газ ва филизу пахта ба Осиёи Марказӣ рӯ овардаанд, судманд нест, зеро он унсуре аз бӯҳрони амиқтару бузургтар, бӯҳрони иқтисодии ҷаҳон аст.

Профессор Боев аз Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии масъалаҳои ҷаҳон дар Осло мегӯяд, ҳадс задан мушкил аст, ки ин вазъи комилан нав ба сиёсатҳои ҷуғрофиёӣ дар минтақа чӣ таъсир хоҳад дошт, вале ба он ишора мекунад, ки бархилофи пешбиниҳо ва таҳлилҳои гузашта ҳеҷ бархӯрди ҷиддии манофеъ дар байни ширкатдорони "Бозии Бузург"-и нав дар Осиёи Марказӣ ба миён наомада, як рақобати нисбӣ ҳамоно идома дорад. Биноан мегӯяд ӯ бояд ин саргармиҳо ба Бозиҳои бузургро як сӯ гузошт ва воқеъиятро дид.

Аммо таҳлилгари тоҷик Исмоили Раҳмат ҷанги Русия дар Гурҷистонро як ҳодисаи ҷиддии геополитикӣ меномад, ки на танҳо ба равобити байни Маскаву Ғарб таъсир гузошт, балки ҷамоҳири собиқи Шӯравиро низ ҳушёр кард. Русия дар моҳи августи соли 2008 Осетияи Ҷанубиро ишғол кард, ба дохили Гурҷистон ҳамла намуд ва сипас истиқлоли ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистонро ба расмият шинохт.

Ҷаноби Раҳмат меафзояд, ҳар кадом аз ин кишварҳо "Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон"- ҳои худро дорад ва ҳама гуна изҳороти онҳо, чи мусбат ва чи манфӣ пайомадҳои ногувор дошта метавонад. Зери фишори сангини Ғарб Русия ба камтарин пуштибонии ҳампаймонҳояш ниёзманд буд, аммо аз Никарагуа садо омаду аз Осиёи марказӣ на. Чаҳор моҳ пас аз ҷанги Гурҷистон Русия эълон кард, мехоҳад, дар зери чатри Паймони амнияти дастаҷамъӣ як артиши 5-ҳазорнафарияшро дар Осиёи Марказӣ мустақар кунад. Ин ҳам дар ҳоле ки Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон пойгоҳҳои ҳарбӣ дорад. Коршиноси низомӣ дар Маскав, Владимир Мухин, мегӯяд, Маскав ба пойгоҳи Хонободи Узбакистон ва Марви Туркманистон чашм дӯхтааст, вале бо вуҷуди баъзе созишҳо узбакҳо, қазоқҳо ва туркманҳо хостори ҳузури ҳарбии Русия нестанд.

Ба ақидаи таҳлилгари масъалаҳои низомӣ ва дифоъ дар маҷаллаи "Ҷейнз Дефенсе Виклӣ", Питер Филстеад, намунаи Гурҷистон, ки низ ба эҳтимоли зиёд ба муқобили масирҳои мустақили интиқоли нафту газ ба амал омадааст, метавонад ба кишварҳои аз энержӣ сарватманди Осиёи Марказӣ низ таҳдид кунад. Дастикам ба ҳайси парчам. Вале устоди улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Индианаи Иёлоти Муттаҳида, профессор Назифи Шаҳронӣ, мегӯяд, ҳанӯз маълум нест, президенти нави Амрико, Барак Обама чӣ сиёсатҳои наверо барои Афғонистон омода кардааст, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низ пайванд хоҳанд дошт. Ба ақидаи ӯ, Обама талош хоҳад кард, ин кишварҳоро ба Амрико наздиктар кунад ва нақши онҳоро дар минтақа, махсусан Афғонистон таҳким диҳад. Ҳамчунин эҳтимол дорад, Обама Русияро низ ба таъмини эътидол дар Афғонистон ҷалб намояд.

Ба ин тартиб, бо вуҷуди он ки профессор Павел Боев аз Осло пешниҳод мекунад, аз истилоҳи "Бозии Бузург" бояд даст кашид, Русия ва Ғарб пас аз як рӯёрӯӣ дар Гурҷистон дар Осиёи Марказӣ зимни вазъи Афғонистон ба ҳам хоҳанд омад. Ин ҳамоиш, ба гуфтаи устод Шаҳронӣ, метавонад ё ҳамкорӣ бошад ва ё рақобат. Дар ин миён Чин, тибқи андарзи конфутсианӣ ҳамоно аз сари қулла ба ин кашокашҳо менигарад ва бархе аз коршиносон афзоиши сармоягузориҳои Пекинро дар минтақа оғози пешбурди манофеъи геополитикии Чин меноманд. Онҳо мегӯянд, Пекин ҳанӯз ҳам интизори пайти муносиб аст, вале акнун бо нақшаи муайяни амал.
XS
SM
MD
LG