Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интернет сарчашмаи таҳдидҳои террористӣ мешавад


Вазорати амнияти дохилаи ИМА мегӯяд, дар панҷ соли оянда таҳдидҳои террористӣ ба Амрико асосан аз тавсеъаи шабакаи Интернет маншаъ хоҳад гирифт.

Дар як таҳқиқоти нави вазорати амнияти дохилаи Амрико, ки панҷ солро дар бар мегирад, ҳамалоти кимиёӣ, биологӣ, радиологӣ ва ҳастаӣ ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳои эҳтимолӣ барои ИМА арзёбӣ шудааст. Ҳамзамон анҷоми чунин ҳамлаҳо баъид дониста мешавад, чунки барои Ал-Қоида ва гурӯҳҳои ҳамсон ба даст овардани ашёи зарурӣ барои амалигардонии чунин нақшаҳо хеле мушкил аст.

Муаллифони гузориш бар ин ақидаанд, ки ИМА барои шабакаи террористии Ал-Қоида ҳадафи асли боқӣ мемонад ва ин созмон кӯшиш хоҳад кард, ки бо истифода аз ҳама васоили имконпазир ба Амрико зарари молӣ, иқтисодӣ ва ҷонӣ расонад. Ал-Қоида мехоҳад дар ин кишвар бесарусомонии сиёсӣ ба амал ояд, гуфта мешавад дар гузориш.

Хабари мутаваққиф шудани кори сафорати Амрико дар Туркманистон қисман пешгӯиҳои мутахассисони вазорати амнияти дохилаи ИМА-ро тасдиқ мекунад. Дар ҳамин рӯзҳо сафорат мактуберо, ки дар он хокаи номаълуми сафед буд, дарёфт кард. Аз 8-уми декабр то имрӯз намояндагиҳои дипломатии Амрико дар 20 кишвари ҷаҳон мактубҳои ҳамсонро гирифтаанд. Баъд аз таҳқиқ маълум шуд, ки дар дохили ин мактубҳо маводи безарар будааст.

Қаблан дар аввали моҳи ҷорӣ вазири амнияти дохилаи ИМА Майкл Чертов эълом дошт, ки хатари имкони ҳамла бо истифода аз силоҳи куштори ом аз ҷониби ҳукумат ҳамчун умдатарин таҳдид арзёбӣ мешавад. Вай ба хабарнигорон гуфта буд, ки шумораи зиёди мардум, аз ҷумла террористон, аз роҳҳои сохтани бомбаҳои биологӣ, кимиёӣ ва ҳатто ҳастаӣ огаҳӣ пайдо мекунанд.

Мақомоти ниҳодҳои истихбороти инчунин нигаронанд, ки дар панҷ соли оянда эҳтимол дорад ба муқобили шаҳрвандони ИМА силоҳи биологӣ низ истифода бурда шавад. Маризиҳои сангин метавонад ба садҳо ҳазор нафар сироят кунад ва ин пайомадҳои ногувор барои иқтисод, системаи нигаҳдории тандурустиву бима ва сохторҳои давлатии кишвар шавад.

Дар гузориш омадааст, ки террористон ба кӯшишҳои ғайриқонунии дохил шудан ба қаламрави Амрикоро идома хоҳанд дод. Имкон дорад онҳо ба ҳайси фирориён, ё паноҳандагони сиёсӣ, ё тавассути дигар кишварҳо вориди Амрико шаванд. Дар айни замон ИМА бо 34 кишвари ҷаҳон низоми рафтуомади бе визаро дорад ва дар ҳоле, ки кишварҳои аврупоӣ низоми судури иҷозатномаҳои худро тақвият мебахшанд, аксарияти муҳоҷирон ба ИМА рӯ меоранд.

Ҳамин тавр дар панҷ соли оянда мутахассисони истихборотӣ пешгӯӣ мекунанд, ки шумораи ифротгароёни исломӣ дар кившар ба таври чашмрас афзоиш меёбад.
XS
SM
MD
LG