Пайвандҳои дастрасӣ

Дар инфиҷорҳои Ироқ 7 нафар кушта шуданд


Пулиси Ироқ мегуяд, дар натиҷаи инфиҷори ду мошини бамгузоришуда дар ҳамлаҳои рузи Крисмас 7 нафар кушта, даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар инфиҷори аввал, ки дар назди тарабхонае дар Бағдод ба вуқуъ пайваст, 4 нафар кушта шудаанд. Инфиҷор дар маҳаллаи шиъанишини Бағдод бо номи Шула замоне рух додааст, ки кормандони пулис ва коргарон дар он ҷо ғазо мехурданд. Баъд аз чанд соъат инфиҷори дигаре дар Муқдодия дар 80 километрии шимоли шарқи Ироқ рух додааст. Дар ин инфиҷор се нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҳадафи инфиҷор низомиёни амрикоӣ будаанд.
XS
SM
MD
LG