Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори ахири нахуствазири Исроил ба гуруҳи Ҳамос


Эҳуд Олмерт-нахуствазири Исроил ба Ҳамос охирин ҳушдор додааст. Олмерт зимни суханони худ аз тариқи телвизюни Ал Арабия ба Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ ҳушдор дод, ки агар онҳо аз Борикаи Ғазза ба шимоли Исроил ба мушакандозиҳои худ хотима надиҳанд, Исроил аз "тавон"-и худ истифода хоҳад кард. Манобеъи сиёсии Исроил мегуянд, гуруҳи амниятии кобинаи Олмерт силсилаи тадобири низомиро ба тасвиб расондааст ва ба он ҳамлаи нируҳои ҳавоӣ бар зидди ҳадафҳои Ҳамос дар минтақаҳои мухталифи Борикаи Ғазза шомил мешавад. Дар Ғазза Фавзӣ Баҳром-сухангуи Ҳамос гуфтааст, Исроил барои ҳар ҳамла "ҷавоби сазовор" хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG