Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Газпром ва Туркманистон дар бораи лулаи гоз мувофиқанд


Ширкати Газпроми Руссия ва Туркманистон-кишвари дорои сарвати ғании гози Осиёи Марказӣ дар бораи ҷузъиёти фаннии эҳдоси як лулаи ба нақша гирифтаи гоз ба тавофуқ расидаанд. Бино ба хабари Газпром, ин тавофуқ дар ҷараёни дидори Алексей Миллер-раиси ин ширкат ва Тошбердӣ Тақиев-нахуствазири Туркманистон ба даст омадааст. Соли 2007 Руссияву Туркманистон ва Қазоқистон роҷеъ ба эҳдоси лулаи гози Дарёи Хазар ба тавофуқ расида буданд. Газпром мегуяд, ин лула имкон хоҳад дошт соле 30 милиярд метри муккааб гоз интиқол диҳад.

XS
SM
MD
LG