Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон ба Ҳиндустон ҳушдор дод, ки ҳамла накунад


Дируз Покистон ба Ҳиндустон ҳушдор дод, ки ба Покистон ҳамла накунад. Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ-вазири хориҷаи Покистон изҳор дошт, ки Покистон ба ҳар гуна ҳамлае аз тарафи нируҳои Ҳиндустон посух медиҳад. Ин изҳороти Покистон дар ҳоле пахш мешавад, ки як ҳавопаймои ҷангии Ҳиндустон ҳарими ҳавоии Покистонро нақз кардааст. Аммо Ҳиндустон ин даъворо қабул надорад. Баъд аз ҳамлаҳои террористии Мумбай дар моҳи ноябр муносиботи миёни Ҳиндустону Покистон ташдид ёфтааст.
XS
SM
MD
LG