Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барқи ниругоҳи Сангтуда-1 ба Афғонистон меравад


Ду шикати ҳиндӣ дар озмуне барои бунёди хати интиқоли барқ аз ниругоҳи барқи обии Сангтуда-1-и Тоҷикистон то марзи Афғонистон пируз шудаанд. Ширкати "Барқи тоҷик" гуфтааст, ин ширкатҳо бо номҳои KEC international ва RPG Transmission хатеро бунёд мекунанд, ки тавоноии интқоли 220 киловолтро дошта бошад. Ширкатҳои ҳиндӣ муваззаф шудаанд, ки ин корро то моҳи маи соли 2010 ба поён расонанд. Дарозии ин хат 118 километрро ташкил медиҳад. Барои анҷоми ин корҳо 19 милиён доллар пешбинӣ шудааст. Дар сурати анҷоми муваффақиятомез ин ширкатҳо бунёди хати барқро то Кобул ва марзи Покистон идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG