Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон барои муъоина утоқҳои боварӣ боз шуд


Вазорати беҳдошти Тоҷикистон аз сабти номи 1422 нафар гирифторони ангезандаи HIV AIDs ё ВИЧ СПИД хабар додааст. Бино ба маълумоти ин вазорат, 10 дарсади ин беморонро муҳоҷирони кории тоҷик ташкил медиҳанд. Ин манбаъ мегуяд, роҳи маъмули густариши ин беморӣ "робитаи ҷинсӣ ва гузаронидарни сузандору" будааст. Дар чаҳорчубаи барномаи мубориза бо ин беморӣ ва бо кумаки Global Fund вазорати беҳдошти Тоҷикистон дар 30 шаҳру ноҳияи ин кишвар барои муъоина утоқҳои боварӣ боз ва онҳоро бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз кардааст.
XS
SM
MD
LG