Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Конго аз Эбола 9 кас вафот карданд


СММ гузориш медиҳад, ки ангеза ё худ вируси Эбола дар Ҷумҳурии Демократии Конго ҳаёти 9 нафарро аз байн бурд. Дар тани 21 каси дигар зуҳури ин вирус тасдиқ шуд. То ин замон Конго се дафъа бо сирояти Эбола рӯ ба рӯ гардидааст. Соли 1976 дар минтақаҳои марзии миёни Конго ва Судон тахминан 500 кас аз сирояти Эбола ба ҳалокат расида буданд. Соли 1995 бошад, дар вилояти ғарбии Бандунду аз Эбола 245 кас вафот карданд. Соли 2007-ум дар вилояти каси Ғарбӣ 26 ҳодисаи сирояти Эбола тасдиқ шуда буд.
XS
SM
MD
LG