Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози журналистон аз эътирозномаи сафорати Русия


Масъулони панҷ нашрияи мустақили чопи Душанбе: «Фараж», «Миллат», «Нигоҳ», «СССР» ва ««ФК-capital» дар вокуниш ба эътирозномаи сафорати Русия як баёнияи ҷавобӣ интишор намуданд. Онҳо эътирознома ва дархости сафорати Русия аз Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар хусуси чора андешидан нисбат ба рӯзномаҳои мазкурро ғайриқонунӣ ва берун аз қавоиди дипломатӣ арзёбӣ карданд.

Сафорати Русия як рӯз қабл, дар робита ба матолиби як қатор ҳафтаномаҳои мустақили Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба вазорати хориҷаи Тоҷикистон эътирознома ирсол карда, дар он аз ҳафтаномаҳои «ФК-capital», «СССР», «Нигоҳ», «Миллат» ва «Фараж» интиқод кард, ки ба қавли сафорат, ин ҳафтаномаҳо дар баррасии масоили муҳоҷирони кории тоҷик аксаран матолиби носаҳеҳу таҳрифшуда ба чоп мерасонанд ва дар бораи раҳбарияти Русия навиштаҳои носазо нашр мекунанд. Сафорати Русия матолиби ҳафтаномаҳои номбурдаро як навъ талош барои аз Русия «нақши душмани мардуми тоҷик сохтан» унвон кардааст.

Саймудин Дӯстов, сардабири нашрияи мустақили «Нигоҳ» нуктаҳои эътирозномаи сафорати Русияро дар мавриди чопи матолиби ба қавли ин сафорат таҳрифангез дар нашрияҳои маҳаллӣ дар мавзӯъоти марбут ба куштори муҳоҷирон дар Русия, беасос ва дахолат ба корҳои дохилаи Тоҷикистон хонда, гуфт, сафорати Русия ҳаққи чунин дархостро надорад.

Толибшоҳи Сайидзода, муҳаррири нашрияи «Миллат» мегӯяд, дар матолибе, ки нашрияҳои номбаршуда ба нашр расонидаанд, ҳеҷ як бӯҳтону таҳриф вуҷуд надоштааст ва нашрияҳо ҳеҷ гуна талоше барои муаррифии Русия ҳамчун душмани мардуми тоҷик накарданд, балки аз хомӯшиҳои мақомоти Русия дар баробари куштори мардуми бегуноҳи тоҷик бо дасти гурӯҳҳои миллатгарои ин кишвар интиқод кардаанд.

Сафорати Русия дар эътирозномаи худ аз вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хостори андешидани чораҳои зарурӣ дар ин робита шудааст. Масъулони нашрияҳои мазкур мегӯянд, вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон то кунун дар робита ба ин дархости сафорати Русия ҳеҷ вокунише нишон надодааст. Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон изҳор дошт, агар вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар вокуниш ба ин нота озодии баёнро маҳдуд кунад, аз рӯзномаҳои мустақил ҳимоят мекунанд.

Ирсоли эътирозномаи сафорати Русия дар Душанбе дар ҳолест, ки 10 рӯз қабл вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон вобаста ба куштори Салоҳиддин Азизов, як муҳоҷири тоҷик дар Русия ба сафорати Русия эътирознома ирсол карда, аз афзоиши ҳодисаҳои куштори муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар изҳори нигаронии шадид кардааст. Бино ба иттилоъи ин вазорат, дар соли 2008 дар қаламрави Русия беш аз 600 нафар шаҳрванди Тоҷикистон фавтидаанд, ки 84 нафари онҳо аз ҷониби гурӯҳҳои миллатгарои рус кушта шудаанд.

Аммо ба қавли масъулони рӯзномаҳои мустақил, мақомоти амниятии Русия дар робита ба ҳодисаҳои куштори муҳоҷирон беэътиноӣ зоҳир мекунанд ва аксари омилони онҳо бештари вақт беҷазо мемонанд.
XS
SM
MD
LG