Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Суғд нархи маводи ниёзи аввалия поин шудааст


Дар арафаи соли нав нархи раҳкиро дар микроавтобус ё худ маршруткаҳои вилояти Суғд тақрибан 5 дирам коҳииш ёфта, ба 55 дирам баробар шудааст. Ба қавли сокинони шаҳри Хуҷанд чунин ҳодиса барои аввалин бор дар даҳ соли ахир мушоҳида мешавад. Ба қавли хабарнигори Радиои Озодӣ нархи маводи ғизоӣ низ дар бозорҳои вилояти Суғд поин рафтааст. Масалан, як килограмм гӯшти гов 1 сомонӣ арзонтар шуда, феълан 14-14,5 сомонӣ нарх дорад. Ҳамин гуна қимати орду, биринҷ, равған ва дигар маводи ниёзи аввалия то 30% коҳиш ёфтааст. Дар Хуҷанд устоди донишгоҳи ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон Аброр Мирсаидов гуфт, ки ин ҳама паёмади бӯҳрони саросарӣ мебошад, зеро сабаби поиншавии нархҳо имконоти заифи истеъмолгарон аст. Ӯ афзудааст, ки муштариён пули харидории озуқаро надоранд ва аз ин рӯ, тоҷикрон ба коҳиши қиматҳо маҷбур шудаанд.

XS
SM
MD
LG