Пайвандҳои дастрасӣ

Ин ҳафта нашрияҳои чопи Душанбе нотаи сафорати Русия ба Вазорати хориҷии Тоҷикистонро бепосух нагузоштаанд. Аксар рӯзноманигорон шикваи сафорати Русияро талоше барои ҷорӣ кардани сензура алайҳи матбуоти мустақили Тоҷикистон арзёбӣ кардаанд.

Толибшоҳи Сайидзода, муаллифи як матлаб дар ҳафтаномаи “Миллат” менависад, дар ҳоле сафорати Русия аз матбуоти Тоҷикистон забони шиква боз мекунад, ки ҳамарӯза расонаҳои Маскав тоҷиконро мавриди мазоҳу масхара қарор медиҳанд ва шаъну эътибори онҳоро паст мезананд. “Миллат” ҳамчунин навиштааст, шарик будан ба маънии он нест, ки “сари фарзанди моро дар кишвари шарикамон бибуранду мо хомӯш биншинем”

“СССР” навиштаaст, ба ҷойи ин ки сафорати Русия аз амалкардҳои сартарошидаҳояш пеши мардуми Тоҷикистон узрхоҳӣ кунад, баръакс, бо як забони дароз “ба номуси зеҳнии мо таҳдид мекунад”. Ин нашрия дар ҳоле аз нотаи сафорати Русия нигарон аст, ки дар шумораҳои қаблияш теъдоди муҳоҷирони кушташуда дар Маскавро чоп мекард ва аз мақомоти Кремл мехост, ки ба қатлу куштори муҳоҷирони беҳимояи тоҷик дар кишварашон расидагӣ шавад.

“Наҷот” - нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам ин ҳафта сӯҳбати Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб ва вакили порлумонро нашр кардааст, ки дар он гуфта шудааст: “аз бетафовутии мо тоҷикон дар Русия кушта мешаванд”.

Ҳафтаномаи “Фараж” бо чопи акси Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Қосим Қосимов, Ҳасан Асадуллозода, Сайфиддин Тӯраев ва Беҳзод Файзуллоев тахмин задааст, ки шояд баъд аз нӯҳ соли хидматаш дар командаи Эмомалӣ Раҳмон ин дафъа Оқил Оқилов курсиро холӣ кунад.

Зафар Абдуллоев, сардабири нашрияи “ФK Capital”, низ дар сафҳаи аввали нашрияаш гуфтааст, ки мехоҳад сарвазир бошад. Оқои Абдуллоев навиштааст, ки ҳоло сарвазир дар Тоҷикистон ба бекортарин ва беному нишонтарин мақоми давлатӣ табдил шудааст. Ҳарчанд сарвазир раиси ҳукумати Тоҷикистон аст, аммо ба қавли Зафар Абдуллоев, на нутқи ӯро шунидаанд ва на мавзеъгирии ӯ дар мавриди ин ё он масъалаи марбут ба Тоҷикистонро дидаанд, дар ҳоле ки ҳама фармону таъинотро худи президент медиҳад. Сардабири “ФK Capital” гуфтааст, агар мақоми сарвазир дар Тоҷикистон то ин сатҳ поин рафта ва кори сарвазирӣ то ин дараҷа осон бошад, пас, вай ҳам омодааст, ки сарвазир бошад ва аз субҳ то шом дар як кабинет нишинаду ба зери ин ё он асноде, ки бифармоянд, имзо гузорад.

“ФK Capital” бо ёдоварӣ аз даҳ воқеъаи соли Тоҷикистону ҷаҳон навиштааст, ҳодисаи “акаи Ҳасан” агарчи овозае беш набуд, вале дар хотираҳо зимистони сарду бебарқро иваз кард. Ин нашрия овозаи захмӣ шудан ва ба Олмон барои табобат рафтани раиси “Ориёнбонк” ва додарарӯси президент Ҳасан Асадуллозодаро дар назар дорад, ки аз дарозумртарин овозаи сол буд, ки то ҳанӯз ба ҳақиқат ва ё дурӯғ будани он бисёриҳо ба шубҳа менигаранд.

«Азия-Плюс» пирӯзии Таҳмина Ниёзова дар озмуни “Панҷ ситора. Интервидение-2008”, боздошти гурӯҳи Сӯҳроб Лангариев дар Кӯлоб, ба истифода дода шудани нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”, медали Юсуф Абдусаломов ва Расул Боқиев дар бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекин, мушкили масоҷиди ғайрирасмӣ ва ҳиҷоб, эълони соли Имоми Аъзам ва “забонёбӣ”-и масъулони ширкати Талко ва Ансол дар додгоҳи Бритониёро аз ҳаводиси хотирмони сол хондааст. Ин нашрия гуфтааст, дар соли оянда Тоҷикистон бояд барои сохтмони Роғун сармоягузор пайдо кунад, сохтмони нақби “Истиқлол”-ро ба поён расонад, нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро кунад ва ҷойҳои корӣ эҷод намояд...

Дар ҳамин ҳол, бархе аз сиёсатмадорон дар сӯҳбат ба нашрияи “Нигоҳ” гуфтаанд, ки соли оянда соли омодагиҳо ва маъракаи мубориза барои интихоботи порлумонӣ хоҳад буд...

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG