Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кўлоб: Биёбоншавӣ таҳдид мекунад


Дар сурати раванди буриши дарахтҳо мисли чанд соли қабл идома ёбад, минтақаи Кўлобро хавфи биёбоншавӣ таҳдид хоҳад кард.

Экологҳо ин ҳарфҳоро замоне ба забон меоранд, ки тайи як соли равон дар минтақа ҳудуди ҳазор дарахти бузургсол ва буттаҳои нодир аз миён рафтааст. Намояндагони ҳифзи муҳити зисти минтақа мегўянд, буриши шумори зиёди дарахтҳо дар ҳолест, ки онҳо барои ҳифзи онҳо назорати шадид бурда, садҳо нафар дарахтбуронро ҷарима бастаанд. Дар ҳамин зимн ба хотири ҷуброни зарари расида дар даҳ навоҳии Кўлоб 2, 5 миллион дарахт шинонида мешавад, вале мутаассифона беш аз 25 то 30 фоизи ин дарахтҳо танҳо давоми як сол ба хушкӣ рў ба рў мегардад.

Субҳонхон Зокиров, мутахассиси бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кўлоб, бебарқӣ ва сармои шадиди ду соли ахирро ба хароб шудани ҷангалзорҳо баста медонад. Ҷаноби Зокиров инчунин меафзояд¸ зимистони моҳи январ ва феврали соли 2008 ончунон сард омад, ки ҳатто паррандаву даррандаҳо дар кўҳистон ҳалок шуданд. Ба хотири наҷоти паррандаҳо Бозрасии ҳифзи муҳити зист комиссияи махсус аз ҳисоби кормандони хеш ва мардуми маҳаллӣ созмон медиҳад.

Аммо Зокиров мегўяд, дар ҳоле комиссия ба наҷоти паррандаву ҳайвонот расид, ки қисман онҳо аз ҷониби шикорчиҳо дар соҳилҳои дарёи Яхсу, Панҷ ва Сурхоб шикор шуданд. Бад ин тартиб бозрасӣ 37 ҳодисаи шикори ғайриқонуниро ба қайд мегирад, ки дар пайи он беш аз 40 навъи паррандаву ҳайвоноти нодир маҳв гардидаанд. Инчунин давоми сол аксарияти ҳайвоноти нодир дар мамнўъгоҳи «Дашти Ҷам» аз тарафи шаҳрвандони Афғонистон, дар парваришгоҳи «Чилдухтарон» ва дигар манотиқи кўҳистон аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди шикор қарор гирифта, анқариб ба нестӣ расидаанд. Ҳарчанд дар дигар мавзеъҳо шикори ғайриқонунии ҳайвоноти нодир пешгирӣ шуда бошад ҳам, аммо вазъ аз аввали сол то кунун дар мамнўъгоҳи «Дашти Ҷам» бетағйир боқӣ мондааст.

Инчунин аз корҳои назаррасе, ки барои ҳифзи муҳити зист кормандони бозрасӣ давоми сол анҷом додаанд, пешгириии қочоқи шираи камол унвон мешавад. Эшон беш аз сад ҳектор замини шираи камолро, ки аз ҷониби раис-ҷумҳури кишвар дар соли равон қочоқ ва ҷамъоварии худсаронаи он мамнўъ дониста шуда буд аз нобудшави ҳифз кардаанд.

Аммо аз сўи дигар ба эрозия гирифтор шудани заминҳо яке аз мушкилоти умдаи экологии минтақа боқӣ мондааст. Абдурасул Мирзоев, раиси кумитаи заминсозӣ дар минтақаи Кўлоб, мегўяд, ҳудуди даҳ ҳазор ҳектор замини минтақа аз ин ҳисоб ғайриқобили истифода шудааст. Ба қавли вай аслан заминҳои ба эрозия гирифторшуда ба навоҳии Восеъ, Ҳамадонӣ ва Фархор рост меояд, ки онҳо дар зери кӯҳи намаки Хоҷамўъмин қарор доранд ва маҳз онҳо аз ҳисоби оби шур ба чунин аҳвол гирифтор гардидаанд.

Бо ҳама мушкилоту бурду бохт кормандони ҳифзи муҳити зисти минтақа соли пур аз тазод дар фаъолияти касбиашонро ҷамъбаст мекунанд. Тибқи иттилоъи расмӣ, дар соли 2008 онҳо харобкорони табиатро ба маблағи 54 ҳазор сомонӣ баробар бо 15 ҳазор доллари амрикоӣ ҷаримабандӣ кардаанд, ки ин рақам дар қиболи соли гузашта 22 ҳазор сомонӣ зиёд шумурда мешавад.
XS
SM
MD
LG