Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкории стратегии Гурҷистону ИМА тавсеа меёбад


Имрӯз Гурҷистон изҳор намуд, ки дар ибтидои моҳи январ созиши ҳамкориҳои стратегӣ бо ИМА-ро ба имзо мерасонад. Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Гурҷистон Хатуна Иосава гуфт, ки 4-уми январ дар Вашингтон вазири корҳои хориҷии ин кишвар Григол Вашадзе ва ҳамтои амрикоияш- котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс рӯи ин санад имзо мегузоранд. Русия ИМА-ро бо пуштибонӣ аз Гурҷистон дар ҷанги кӯтоҳмуддати моҳи август муттаҳам мекунад. Он замон нерӯҳои Русия ба хоки Гурҷистон таҷовуз намуда, имкон надоданд, нерӯҳои гурҷӣ минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиро таҳти назорати ҳукумати марказӣ қарор диҳанд.
XS
SM
MD
LG