Пайвандҳои дастрасӣ

Дар рӯзи охири соли равон, 31 – уми декабр, Бобоҷон Ғафуров - таърихнигор ва шарқшиноси маъруфи тоҷик , муаллифи китоби «Тоҷикон» 100 сола мешавад.

Имрӯзҳо дар саросари мактабҳои миёна ва олии Суғд, аз ҷумла дар зодгоҳи Бобоҷон Ғафуров бо оростани маҳфилу нишастҳо аз 100-солагии ин донишманди шаҳир истиқбол мегиранд. Зодгоҳи академик Бобоҷон Ғафуров - деҳаи Исфисор ва шаҳру ноҳияи кунунӣ, воқеъ дар даҳ километрии Хуҷанд, номи ӯро дорад. То соли 1978 ин шаҳрак Советобод номида мешуд. Дар оғозгоҳи шаҳри Ғафуров, дар майдони назди истгоҳи роҳи оҳан пайкараи барқади Ғафуров низ қад афрохтааст.

Манзили падарии академик Бобоҷон Ғафуров, ки дар он ҷо дар соли 1909 чашм ба олами ҳастӣ кушодааст, ба гуфтаи сокинони маҳал, дар байни ҳамин маҳалла ҷойгир будааст. Аммо дар ҳоли кунунӣ аз он ҳавливу кулбаи хокии бобоии муаллифи китоби «Тоҷикон» нишоне намондааст - дар ҷои он корхонаи нафтрасонӣ қад кашидааст. Вале ин маҳалла ҳозир ба номи шоира Розия Озод – модари Бобоҷон Ғафуров гузошта шудааст ва дар он чанд хонадони донишманди маъруф низ ба сар мебаранд ва хотираҳое дурахшон аз Бобоҷон Ғафуров доранд. Ба гуфтаи онҳо, ягона духтарфарзанди ӯ - Нелла ва бародараш – Олимҷон дар Маскав ба сар мебаранд.

Салим Зубайдуллоев, яке аз сокинони ин маҳал - писарамак ва писархолаи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, замони навҷавонии онҳо дар ҳамин маҳалла, ки он замон токзору боғистон буд, гузаштааст: «Холаам Розия Озод бо хату савод ва бибиотун, яъне, муаллима будагӣ. Бобоҷон ба гапи он кас нагз медаромадаанд ва холаам «ба ҳазор дароӣ, писарам», гуфта, ӯро дуо мекардаанд. Маъниаш ин, ки номи некат ҳазор сол, абадӣ зинда монад.»

Салим - амак ва ҳамсари ӯ - холаи Хосият беш аз 70 сол доранд ва даҳ фарзанд ба воя расонидаанд. Инҳо мисли дигар хешони Бобоҷон Ғафуров дар Хуҷанд инсонҳои бисёр оддиву заминӣ ҳастанд. Ҳангоме ки бо онҳо дар манзилашон суҳбат мекардам, дар ҳарфу рафторашон як зарра ғуруру ҳавобаландӣ ва ифтихори сохта мушоҳида накардам. Зимнан, аз рӯи нақли Хосият – хола, ҳамин хислати озодагӣ ва покманишӣ ба ҳама аҳли хонадони Бобоҷон Ғафуров хос будааст : “Одами нағз буданд, хушмуомила. Бисёр меҳрубон буданд. Гуфтанд, ки шавҳарам ва бачаҳои моро ба хондан баранд, инҳо розӣ намешуданд… Он вақт дасттанг будем, азоб мекашидем, ба Душанбе рафта меомадему, аммо бачаҳо ба хондан розӣ намешуданд.“

Барои як сокини имрӯзии Тоҷикистон тасаввур кардан душвор аст, ки раҳбари як давлат ҷиянҳояшро барои таҳсил ба пойтахт даъват кунад, аммо онҳо аз рӯи нодориву тангдастӣ хоҳиши ӯро радъ намоянд. Яъне, ба гуфтаи пайвандонаш, агарчи Бобоҷон Ғафуров хешовандони худро ба пойтахт, ба олами илму дониш ҳидоят мекард, аммо ба сифати раҳбари давлат дар курсиҳои баланди мансаб шинондан ва зери пои онҳо рехтани дороиҳои моддии дунёро ваъда намекард.

Ҳабибулло Холҷӯраев – профессор, доктори илми таърих, ки худро аз шогирдони Бобоҷон Ғафуров мешуморад, мегӯяд, ҳамин хислати
озодагиии ӯ, замоне ҳам ки тӯли як даҳсола раҳбари давлати Тоҷикистон буд, (дар солҳои 1946 – 1956 ) ва баъд ҳам, ки то охири умр вазифаи мудири пажуҳишгоҳи ховаршиносии Академияи Улуми Иттиҳоди Шӯравиро бар дӯш дошт (1956 - 1977), нагузошт дар замини меросии худ - дар зодгоҳаш ҳатто кулбаяке бунёд кунад. Баръакс, он заминҳоро дар ихтиёри давлат супорид ва мусоидат намуд, то дар он ҷо иншооти муҳим сохта шавад.

Ба гуфтаи онҳо, ба хотири арҷгузорӣ аз Бобоҷони Ғафуров аз ҷониби давлати Тоҷикистони Шӯравӣ дар ватанаш ва зодгоҳаш, то соли 1998 - и милодӣ, замони таҷлил аз 90 – умин солгарди зодрӯзи ӯ, ба ҷуз аз номгузории як ноҳия ба номи Ғафуров ва як кӯча ба номи Розия Озод дигар иқдоме сурат нагирифта буд. Дар соли 1998 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ба Бобоҷон Ғафуров дар қатори Садриддин Айниву Эмомалӣ Раҳмон нахустин унвони «Қаҳрамони халқи тоҷик» тақдим гардид. Ҳамчунин, дар ҳамон сол бо қарори ҳукумат Донишгоҳи давлатии Хуҷанд номи академик Ғафуровро гирифт.

Музеи Бобоҷон Ғафуров – ягона осорхонаи ӯ дар Тоҷикистон низ дар зодгоҳаш дар ҳамон таърихи даҳ сол қабл боз шудааст. Ҳабибулло Холҷӯраев - профессор, доктори илми таърих, ҳамзамон сарвари осорхонаи Ғафуров ин гуна муносибат бо як шахсияти маъруфи миллиро ба маҳдудаи чаҳорчӯбаи идеологии шӯравӣ ва беҷасоратии давлатдорони Тоҷикистони он давра рабт медиҳад: «Дар бораи шахсиятҳои миллӣ гап задан осон набуд. Режими шӯравӣ инро «идеолизатсияи кадрҳои миллӣ» номида, сахт маҳкум мекард. Хайрият, акнун ки ба даврони истиқлолият расидем, гуфта метавонем, ки мо мисли Бобоҷон Ғафуров чунин донишмандоне дорем, ки дар ғанӣ гадонидани тамаддуни ҷаҳонӣ саҳм гузоштаанд. Бобоҷон Ғафуров – пайғамбари илми таърихнигории асри бисти Шарқ. Кореро, ки вай дар таърихшиносии тоҷик ба анҷом расонд, ба ин вусъат касе иҷро накардааст.»

Профессор Холҷӯраев афзуд, зимнан, ба ҳамин сабабҳо «Тоҷикон» дар давраи зиндагии Бобоҷон Ғафуров танҳо як маротиба ба забони русӣ дар Маскав дар ду ҷилд ба нашр расида, баргардони тоҷикии он танҳо дар соли 1983 - и милодӣ рӯи чоп омад. Дар соли 1998 бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон ҳар ду қисми «Тоҷикон» дар муҷалладҳои ҷудогона ба ҳуруфи кирилӣ ва арабиасоси тоҷикӣ нашр гардид. Дар соли 1984 «Тоҷикон» дар Афғонистон низ бо ҳуруфи арабиасоси тоҷикӣ нашр шудааст. Инчунин, ин китоб ба шаклҳои пурра ва қисман ба чандин забонҳои дунё тарҷима ва нашр шудааст.

Вале осорхонаи Бобоҷон Ғафуров ҳарчанд даҳ сол қабл таъсис ёфтааст, вале ҳанӯз такмил наёфтааст. Мизи кории Ғафуров, ки замони
раҳбарӣ дар пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Иттиҳоди Шӯравӣ «Тоҷикон» рӯи он таълиф шудааст ва аз Маскав оварда шудааст, аз умдатарин нигораҳои он аст. Аммо он ҷомаи беқасаб ва тоқии тоҷикии машҳури ӯ, ки дар бар дар ҷаласаву симпозиумҳои ҷаҳонӣ иштирок мекард, ба чашм намерасад.

Осорхонаи Бобоҷон Ғафуров аз се толор иборат аст ва қисмати асосии он ба «Тоҷикон», «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» ва асарҳои дигари ӯ бахшида шудааст. Оқои Холҷӯраев меафзояд: «Мо нусхаҳои гуногуни «Тоҷикон» ва ҳар чизе , ки дар бораи ин китоб ба забонҳои мухталфи чоп шудааст, ҷамъу гирд меорем. Агар нусхаи онро ба даст наорем, аксбардорӣ намуда, ин ҷо мегузорем.. Дар ягон миллати шӯравӣ ин гуна китоб нест. Бобоҷон Ғафуров дар таълифи он аз 3000 маъхази илмиву адабӣ истифода кардааст. Бо заҳматҳои беназири ӯ ҳамин кор дар замони зиндагиаш ба анҷом расидааст.»

Дар назди осорхона як маркази илмии пажуҳишӣ ҳам фаъолият мебарад, ки аз ҷумла ба таҳқиқи осор, ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Бобоҷон Ғафуров машғул аст. Аз ҷониби ин марказ ба ифтихори 100 – умин солгарди зодрӯзи муаллифи Тоҷикон чанд китобу брошюра ба нашр расидааст.

Эмомалӣ Раҳмон – раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи таҷлил аз 100 солагии Бобоҷон Ғафуров дастур дод, то китоби ӯ - «Тоҷикон» бо забони асл ва англисӣ бо теъдоди 50 ҳазор нусха дар соли 2011 нашр карда шавад.
XS
SM
MD
LG