Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои нав дар Юнон


Шаби гузашта дар гӯшаҳои мухталифи пойтахти Юнон-шаҳри Афин афроди номаълум табаҳкориро аз сар гирифтанд.

Радиои давлатии Юнон иттилоъ дод, ки дар минтақаи Галатсӣ панҷ мошин ба коми оташ кашида шуданд. Ҳамчунон дар маркази Афин афроди номаълум бинои як бонкро мавриди ҳамла қарор дода, дар рӯ ба рӯи бинои ҳукумат балонҳои гази табииро оташ заданд. Дар ин ҳамлаҳо касе ҷароҳат набардоштааст. Аз рӯзи 6-уми декабр, вақте афсари полис як ҷавони 15 соларо ба қатл расонда буд, Юнон шоҳиди силсилаи эътирозҳои хушунатбор шудааст.
XS
SM
MD
LG