Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон: Таъсиси Иттиҳоди ҷунбиши мардумӣ


Намояндагони мухолифини қирғиз Иттиҳоди ҷунбиши мардумӣ таъсис доданд. Гуфта мешавад, ки ин иттиҳод ҳафт ҳизби сиёсӣ ва панҷ созмони иҷтимоъиро муттаҳид кардааст.

Ба гуфтаи таъсисгарони Иттиҳоди ҷунбиши мардумӣ, пеш аз вақт ба истеъфо фиристодани президент Қурмонбек Боқиев ва командаи ӯ, ки аз ӯҳдаи ваъдаҳояш баромада натавонист, тағйири системаи давлатдорӣ ва ҳифзи воҳиди саноъатӣ, ки моликияти ҷамъиятист, аҳдофи аслии онҳоро ташкил мекунад.

Темир Сариев, раиси ҳизби «Оқ шумқор» ва яке аз мухолифони низоми Боқиев, иброз дошт, ки то таъсиси Иттиҳоди ҷунбиши мардумӣ намояндагони мухолифин як меморандум ба имзо расониданд ва анҷумани худро баргузор карданд.

Ба гуфтаи Темир Сариев, мунаққидони оппозисиюн, ки фақат ба наҳ задани онҳо машғуланд, гузашта аз ин мухолифинро ҳамчун нерӯи тавоно эътироф намекунанд, акнун итминон ҳосил хоҳанд кард, ки ин иттиҳод то чи андоза нерӯи қавӣ ва ҷиддист.

Азимбек Бекназаров, раҳбари Ҷунбиши инқилоби мардумӣ, гуфт, намояндагони мухолифин на дар атрофи як нафар пешво иттиҳод бастаанд, балки онҳоро ягонагии ғоя муттаҳид намудааст. Ба гуфтаи Азимбек Бекназаров, қирғизҳо вақте муттаҳид мешаванд, ки ба сари мардуми кишвар рӯзҳои вазнин таҳдид кунад. Вай афзуд, зимни мулоқотҳои намояндагони мухолифин бо мардуми соири вилоятҳои кишвараш маълум шуд, ки аксарияти онҳо тарафдори таҳаввулоти ҷиддии иқтисодиву иҷтимоъӣ ҳастанд. Ба таъкиди раҳбари ҷунбиши инқилоби мардумии Қирғизистон онҳо аз таҳдиди дастандаркорони ҳукуматӣ намеҳаросанд.

Роза Отунбоева, вакили порлумон аз ҷиноҳи Ҳизби сосиал-демократ баъзе доираҳои сиёсиро интиқод кард ва гуфт, ки онҳо дар мавриди оппозитсиюн фикрҳои ғалатро талқин мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ба сафи мухолифин онҳое шомиланд, ки дирӯз мақомҳои давлатиро ишғол мекарданд. Хонум Отунбоева мегӯяд, дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон намояндагони мухолифин маҳз аз ҳамин гурӯҳи одамон баромадааст. Бар асоси суханони ӯ, чунин ашхос механизми давлатдориро хуб медонанд ва аз нигоҳи сиёсӣ шахсони ба камол расида маҳсуб мешаванд.

Исмоил Исоқов, дабири кулли ҳизби «Жани Қирғизистан» ё «Қирғизистони ҷадид», иброз дошт, ки талошҳои намояндагони мухолифин барои нафъи мардум хидмат хоҳад кард ва дар сафҳаи таърихи кишвараш бо хати зарин навишта хоҳад шуд. Генерал Исоқов мегӯяд, ки вай аз сиёсати кадриву дохиӣ ва берунаи мақомоти кишвараш розӣ набуд ва ошкоро ба истеъфо рафт. Вай афзуд, ки аз ин лиҳоз имрӯз дар сафи мухолифин қарор дорад.

Ба ин тартиб, Иттиҳоди ҷунбиши мардумиро Шурои миллӣ ва бюрои сиёсӣ раҳбарӣ хоҳад кард. Ба Шӯрои миллӣ, ки гуфта мешавад, органи олӣ ба ҳисоб меравад, аз ҳар ҳизби сиёсӣ сенафарӣ ва аз ҷунбишҳои мардумӣ якнафарӣ вакил шомил карда шуд. Ҳамчунин иборат аз 11 нафар бюрои сиёсӣ таъсис ёфт.
XS
SM
MD
LG