Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия ва Ироқ якҷо бар зидди Пи Кей Кей меҷанганд


Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия гуфтааст, кишвараш як ҷо бо Ироқ бар зидди шуришиёни курд, ки дар куҳистонҳои марзии миёни ин ду кишвар фаъолият мекунанд, мубориза мебаранд. Оқои Эрдуғон ин суханонро дар ҳоле ба забон овард, ки Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ аз Онкоро-пойтахти Туркия боздид ва бо раҳбарони Туркия дидор ва гуфтугу кард. Моликӣ гуфтааст, аз пешниҳодҳо дар бораи анҷоми амалиёти муштарак бар зидди Ҳизби Коргарони Курдистон ё Пи Кей Кей, ки аз пойгоҳҳои худ дар шимоли Ироқ бар зидди Туркия ҳамла мебарад, ҷонибдорӣ мекунад. Ҳавопймоҳои Туркия дар имтидоди марз бо Ироқ мавозеъи шуришиёни Пи Кей Кей-ро бомборон мекунанд.

XS
SM
MD
LG