Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле ки омори навмедкунандаи иқтисоди аз боз ҳам амиқтар шудани рукуди иқтисодӣ ИМА шаҳодат медиҳанд, дирӯз нархи нафти хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ боз ба 9 дарсад поин рафт.

Ҳамин тавр нафти хом дар бозори Ню-Йорк бо қиммати 35 доллару 35 сент харидорӣ мешавад, ки ин 3 доларру 63 сент поинтар аз нархи як рӯзи пеш аст. Поинравии нархи нафти хом баъд аз нашри хабари афзоиши шумораи бекорон дар Амрико ба амал омад. Кохи сафед эълом намудааст, ки бекорӣ дар кишвар ба болотарин сатҳи худ дар 26 соли охир расидааст ва ҳамзамон аҳолии кишвар панҷ моҳ пай ҳам масрафҳои ҳамарӯзаашонро камтар мекунанд.

Гуфта мешавад, ки дар давоми соли ҷорӣ дастикам 2 миллион нафар ҷои кориашонро аз даст додаанд. Касри даромади оилаҳои Амрико онҳоро водор намуд, ки ҳатто дар арафаи таҷлили Иди милоди Масеҳ барои харидани армуғону дастовезҳо пули камтар харҷ кунанд.

Хабарҳои навмедкунандаи иқтисодӣ истеъмолкунандагон ва харидорони манобеъи энержиро мутмаъин кард, ки истифодаи энержӣ низ коҳиш хоҳад ёфт ва ин мунҷар ба поинравии нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ шудааст.

Муъовини раиси ширкати бузурги “МФ Глобал” Майк Фитзпатрик гуфтааст, то замоне, ки вазъи иқтисод нигаронкунанда боқӣ мемонад, нафт зери фишор хоҳад буд.

Бӯҳрони саросарии молӣ эҳтиёҷи муштариён ва корхонаҳо ба сӯзишвориро чанд баробар коҳиш додааст ва ин мояи нигаронии кишварҳои содиркунандаи нафт ё ОПЕК шудааст. Шаш моҳ пеш нархи як бушка нафти хоб ба 145 доллар расида буд.
XS
SM
MD
LG