Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байт-ул-Лаҳму Вотикон Крисмасро ҷашн мегиранд


Раҳбари калисои католикҳои Рум дар Замини Муқаддас дар ниёиши шабона ба муносибати милоди Исои Масеҳ дар шаҳраки Байт-ул-Лаҳми Каронаи Ғарбии руди Урдун хостори сулҳ дар Ховари Миёна шуд. Фуъод Туал-усқуфи аъзами Юнон дар калисои Нативитӣ суҳбат мекард, дар маҳале, ки ба эътиқоди масеҳиён Исои Масеҳ дар ҳамон ҷо ба дунё омадааст. Дар ҳоле, ки иди милоди Масеҳ дар Байт-ул-Лаҳм таҷлил мешавад, рузи чаҳоршанбе аз Борикаи Ғазза ба суи Исроил тирандозӣ сурат гирифтааст. Низомиёни Исроил ба ин оташ ҷавоб додаанд ва як нафар кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG