Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти 7 нафар дар гарданаи Шаҳристон маълум нест


Дар гарданаи Шаҳристон дар роҳи автомобилрави Душанбе-Хуҷанд сарнавишти 7 нафар то ҳол номаълум боқӣ мондааст. Ҳангоми резиши тарма 11 нафар зери барф монда буданд. Мусофирон ва ронандагон тавонистаанд ба зуддӣ чаҳор нафари онҳоро зинда аз зери тарма берун кашанд ва наҷот доҳанд. Хабарнигори радиои Озодӣ дар минтақа аз қавли ронандагон, ки телефонӣ бо онҳо дар тамос аст, мегуяд, дар ду тарафи гарданаи Шаҳристон тақрибан 800 мошин мунтазири поккории роҳ будаанд.

XS
SM
MD
LG