Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аласания дар интихобот рақиби Саакашвилӣ мешавад?


Ираклий Аласания-намояндаи собиқи Гурҷистон дар СММ аз сиёсатҳои Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури ин кишвар интиқод карда, хостори баргузории итнтихоботи зудрас шудааст. Вай зимни суханони худ дар як нишасти хабарӣ дар Тифлис Саакашвилиро барои тасмимҳои худхоҳона ва нокомиаш дар ҷилавгирӣ аз ҷанги Гурҷистону Руссия дар моҳи август интиқод кардааст. Матбуъоти Гурҷистон аз Аласания ба унвони яке аз шахсиятҳои машҳури сиёсӣ ва рақиби тавонои Саакашвилӣ ном бурдааст.

XS
SM
MD
LG