Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинежод Крисмасро ба биритониёиҳо табрик мегуяд


Шоми имруз Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Ирон аз телвизюни Бритониё Крисмасро ба мардуми ин кишвар табрик хоҳад гуфт. Ин паём аз тариқи шабакаи чаҳоруми телвизюни Бритониё ба забони форсӣ пахш мешавад ва бо зернавишт тарҷумаи он барои инглисзабонон оварда мешавад. Аҳмадинежод дар ин паём хоҳад гуфт, ки агар имруз Исои Масеҳ зинда буд, ба таҳдиди "қудратҳои тавсеъаталаб", ба оташафрузони ҷанг, ба ишғолгарон ва террористҳо дар саросари ҷаҳон мухолифат нишон медод. Созмонҳои яҳудии муқими Лондон ва сафири Исроил дар Бритониё ба ғазаб омадаанд, ки чаро дар барномаҳои крисмасии телвизюнӣ ба Аҳадинежод вақт додаанд. Онҳо гуфтаанд, раиси ҷумҳури Ирон бо Исроил хусумат дорад, ҳуқуқи башар дар Ирон риъоят намешавад ва Ирон аз терроризм ҳимоят мекунад.
XS
SM
MD
LG