Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия хостори афзоиши парвозҳо бо Тоҷикистон аст


Ақиф Ойхон-сафири Туркия дар Тоҷикистон дар мулоқот бо Шариф Саид-раиси Утоқи тиҷоратии Тоҷикистон хостори афзоиши парвозҳои миёни Тоҷикистону Туркия шудааст. Ба гуфтаи вай, чунин кор метавонад ба густариши ҳамкориҳои тоҷирони ин ду кишвар кумак кунад. Раиси Утоқи тиҷоратии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки бо кумаки коршиносони Туркия дар Душанбе роҷеъ ба иҷоди минтақаҳои озоди тиҷоратӣ дар Тоҷикистон семиноре баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG