Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эъдоми 9 муҷрим дар Эрон


Рӯзи чоршанбе дар зиндони Теҳрон 9 фарди муҷрим дар як эъдоми дастаҷамъӣ ба дор овехта шуданд. Гуфта мешавад, ки онҳо масъули қатли инсон ва қочоқи маводи мухаддир будаанд. Ҳамин тариқ соли равон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳадди ақалл 244 нафар эъдом шудаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар, ба вижа созмони зери сарпарастии барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел хонум Ширини Ибодӣ, борҳо эъдомҳои рӯзафзунро танқид кардаанд.

Мақомоти эронӣ аз овехтани муҷримон ҳимоят намуда, гуфтаанд, ки ҳукми олӣ василаи муассири ҷилавгирӣ буда, баъди як раванди комили муҳокима гирифта мешавад.
XS
SM
MD
LG