Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ағбаи Шаҳристон ҷустуҷӯи 7 нафар идома дорад


Дар ағбаи Шаҳристони шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе 11 мусофир дар зери тарма монданд.

Аз байни онҳо 4 нафар бо кӯмаки ҳамсафарон берун бароварда шудаанд, вале сарнавишти 7 нафари боқимонда то ҳол рӯшан набудааст.
Гуфта мешавад, ки бино ба бориши зиёди барф ва фаромадани тарма шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе тариқи тунели Анзоб ва гарданаи Шаҳристон чор рӯз инҷониб баста мебошад.

Сарвари ситоди ҳолатҳои изтирории ноҳияи Айнии вилояти Суғд Зафар Мирзобошиев ба хабарнигори Радиои озодӣ гуфт, ки баъди баста шудани роҳ як гурӯҳи мусофирон хост минтақаи пурхатарро пиёда тай намояд, вале ҳангоми ҳаракати онҳо тарма фаромад.

Номбурда афзуд, ки хадамоти марбутаи Суғд поксозии роҳ ва ҷустуҷӯи мардуми офатзадаро идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG