Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши табодули маҳбусони тоҷику афғон имзо шуд


Бар асоси як созишномае, ки рӯзи чоршанбе дар шаҳри Душанбе миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ба имзо расид, зиндониён аз ҷумлаи шаҳрвандони ду кишвар метавонанд ба ихтиёри кишвари худашон бозпас фиристода дода шаванд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ баъди имзои ин санад гуфт, ки "Афғонистон барои Тоҷикистон кишвари дӯсту бародар аст ва ҳар иқдоме, ки гирифта мешавад, барои рушду нумӯи дӯстии миёни ду кишвар аст."
Сайидмуҳаммади Хайрхоҳ, сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Душанбе гуфт, бо имзои ин санад сар аз 24 декабр, созишномаи миёни Тоҷикиситон ва Афғонистон дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо мадори эътибор қарор гирифта, ба ҳукми амал медарояд.

Оқои Хайрхоҳ дар мавриди теъдоди зиндониёни афғон дар ҳудуди Тоҷикистон гуфт, дар феҳрасте, ки мақомоти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, 228 шаҳрванди Афғонистон дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, ки феълан шояд теъдодашон бештар аз ин бошад. Дар вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар бораи теъдоди зиндониёни тоҷик дар Афғонистон маълумоти мушаххасе дарёфт нашуд.
XS
SM
MD
LG