Пайвандҳои дастрасӣ

ҲНИТ дар интихоботи Сино иштирок мекунад


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар интихоботи миёндавраӣ барои ишғоли курсии холишуда дар Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе ширкат мекунад. Ин ҳизб қаблан ширкаташ дар интихоботҳои миёндавраиро ба далели таққаллуби афзун нозарур шуморида буд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, раҳбари маркази таҳлилии ҲНИТ гуфт, ин тасмим ба дунболи омодагиҳо ба интихоботи аслии Маҷлиси Намояндагон иттихоз шудааст, ки қарор аст, баъд аз як соли дигар сурат гирад. Ӯ гуфт, санади номзадии Додихудо Абдуллоев, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ дар Душанбе барои дарёфти курсии вакили Маҷлиси Намояндагон ба комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ирсол шудааст.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи интихоботиии минтақаи Синои шаҳри Душанбе рӯзи ҳафтуми феврал баргузор мешавад, аммо то ҳоло танҳо ҲНИТ ва ҲХДТ аз миёни ҳашт ҳизби сиёсии кишвар аз ширкаташ дар интихоботи миёндавраӣ изҳори омодагӣ кардааст. Барандаи ин интихобот дар порлумон курсии Каримҷон Қодировро, ки ахиран ба мансаби ректори Донишгоҳи Кӯлоб таъин шуд, иваз мекунад.

Раҳматулло Валиев, сарпарасти Ҳизби демократи ҷиноҳи Искандаров мегӯяд, ҳизбаш хостори ширкат дар интихоботҳои миёндаврии Тоҷикистон нест, зеро, ба гуфтаи ӯ, то замоне ки нерӯи сиёсӣ танҳо ба дасти аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократи Тоҷикистон боқӣ мемонад, пирӯзии аҳзоби дигар ғайримумкин хоҳад буд.

Бо ин ҳол, бештари соҳибназарон ба ин боваранд, ки интихоботи ҳафтуми феврал дар ҳавзаи Синои Душанбе чун интихоботҳои дигари миёндавраии Тоҷикистон бидуни рақобати амалии ҳизбҳо ва бидуни ширкати фаъоли раъйдиҳандаҳо пушти сар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG