Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсеаи ҳамкориҳои энергетикии Русияву Сербия


Имрӯз президенти серб Борис Тадич ба Маскав рафт, то ҳамроҳ бо президенти Русия Дмитрий Медведев дар созиши ҳамкориҳои энергетикии миёни ду кишвар имзо гузорад. Бар пояи ин мувофиқатнома Сербия беш аз нисфи саҳмияҳои ширкати воҳиди нафти ин кишвар NIS-ро ба ширкати Газпроми Русия фурӯхта, дар ҷавоб имкон меёбад соҳиби саҳмия дар лӯлаи стратегии интиқоли гази Русия шавад, ки эҳтимол аз қаламрави Сербия убур хоҳад кард. Ба навиштаи расонаҳои серб Русия дар муқобили 51% саҳмияҳои NIS 560 миллион доллар пардохт хоҳад кард. Вазири иқтисоди серб Младҷан Динкич бар зидди имзои ин санад садо баланд кард. Ӯ мегӯяд, ки нархи саҳмияҳо хеле паст буд ва бар илова Русия кафолат надодааст, ки лӯлаи стратегии South Stream аз хоки Сербия убур мекунад.

XS
SM
MD
LG