Пайвандҳои дастрасӣ

Раёсатҷумҳурии бидуни маҳдудият дар Озарбойҷон?


Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев боз як қадами дигар ба тамдиди ҳукуматдориаш гузошт. Рӯзи чоршанбе Додгоҳи конститутсионии Озарбойҷон иброз дошт, ки агар назархоҳии умумимардумӣ дар масъалаи лағви маҳдудияти ду даври раёсатҷумҳурӣ барпо шавад, додгоҳи мазкур натиҷаи онро эътироф хоҳад кард.

Рӯзи ҷумъа вакилони мардумии Озарбойҷон пешниҳоди лағви манъи се даври раёсатҷумҳурии пай дар пай дар ин кишварро тасдиқ карданд. Моҳи октябри соли равон Илҳом Алиев бори дуюм ва ба муддати панҷ сол президенти Озарбойнҷон интихоб шуда буд. Ҳизбҳои мухолифи ҳукумат имкони тамдиди раёсатҷумҳурии сулолаи Алиевҳоро мавриди интиқод қарор додаанд. Қабл аз Илҳом Алиев падараш Ҳайдар Алиев ду давр президенти Озарбойҷон интихоб шуда буд.

XS
SM
MD
LG