Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла болои рӯзноманигор дар Қафқози Шимолии Русия


Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон мегӯяд, мақомоти Русия бояд бидуни таъхир ҳамла болои хабарнигори агентии Регнум Жанна Акбашеваро таҳқиқ намоянд. Акбашева изҳор намудааст, ки рӯзи душанбе дар ҷумҳурии Карачай-Черкесияи минтақаи Қафқози Шимолии Русия ду нафар болои ӯ ҳамла карданд. Ҳамлакунандагон ӯро латту кӯб намуда, ҳушдор додаанд, ки корашро мутаваққиф кунад. Акбашева дар бораи ҳамла ба идораи додситонӣ маълумот додааст. Номбурда дар бораи фасод ва масъалаҳои марбут бо ҳифзи ҳуқуқи башар дар Карачай-Черкесия гузориш медиҳад.
XS
SM
MD
LG