Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти "замин"-ии додгоҳҳо


Мақомоти додгоҳии Бадахшон мегўяд, ба ваколати додгоҳ гузаштани баррасии баҳс бар сари замин корашонро бештар кардааст.

Муовини аввали раиси додгоҳи Бадахшон Амонулло Муқаиршоев гуфт, қаблан баҳси заминро мақомоти маҳаллӣ баррасӣ мекард, аммо бар асоси тағйиру иловаҳо ба қонун алҳол шаҳрвандон имконият доранд, ки чунин баҳсҳоро дар додгоҳ ҳал намоянд. Муовини аввали раиси додгоҳ афзуд, аммо баррасии парвандаҳои нахустин нишон доданд, ки дар бештари маворид қонуншикании мақомоти маҳаллӣ ба баҳсҳо бар сари замин сабаб шудаанд. Вай гуфт, дар як мавриди баҳси замин мақомоти шаҳрдорӣ бо қарори хеш ба шаҳрванд барои сохтмони манзил 0,05 сотих замин ҷудо намудааст, аммо ҳангоми ба расмиятдарорӣ ҳаҷми замини ҷудонамуда дар шаҳодатнома ба 0,18 сотих расида, ҳаққи яке аз ҳамсоягон тасарруф шудааст. Вай гуфт, бархурди дугона ба ҳуҷҷати расмӣ аз ҷониби мақомоти шаҳрдорӣ ва заминсозӣ боиси эҷоди тафриқа дар байни ҳамсоягон шуда, акнун додгоҳ бояд «қилро аз хамир» ҷудо намояд.

Мақомоти додгоҳӣ ҳамчунин эътирози додситонии вилоятро дар мавриди қатъ намудани сохтмони маркази савдо мутааллиқ ба яке аз сокинони Хоруғ дар рў ба рўи бинои додситонии шаҳр бинобар муғойири талаботи меъморӣ ва ғайриқонунӣ будан бебаррасӣ мондааст. Ба гуфтаи муовини аввали раиси додгоҳи вилоят, соҳиби иншоот барои сохтмони ин марказ ризоияти мақомоти маҳаллӣ ва додситони шаҳрро гирифтааст ва кулли аснодро қонунӣ гардондааст. Вай гуфт, аз ин ҷиҳат нав шудани руасои шаҳру вилоят ва роҳбарияти додситонӣ наметавонад сабаб барои бозбинии қарор шавад.

Раиси кумитаи заминсозии Бадахшон Амонбек Наврузшоев рух додани ҳодисаҳои қонуншиканиро аз ҷониби намояндагони мақомоти маҳаллӣ дар тақсими замин таъйид кард. Вай баён дошт, шаҳодатномаи замин танҳо дар асоси қарори руасои шаҳру ноҳия дода мешавад, аммо тибқи Кодекси замин ба шаҳрванд то 0,12 сотихи замини обёришаванда ҷудо намудан мумкин аст. Ба гуфтаи раиси кумитаи заминсозӣ, аммо ин меъёр на ҳамеша аз ҷониби мутахассисони мақомоти маҳаллӣ риоя мешавад.

Алоуддин Меҳмонов, раиси созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсони «Ҷомеъа ва ҳуқуқ» ба салоҳияти додгоҳ гузаштани баррасии баҳс оид ба заминро амали мусбат дар риояи адолати судӣ арзёбӣ намуд. Вай баён дошт, намояндагони мақомоти маҳаллӣ, ки ба тақсими замин ҳуқуқ доранд, пас аз ин масъулияти бештарро эҳсос хоҳанд кард.

Аммо шаҳрвандон мегўянд, ба баррасии додгоҳӣ гузаштани баҳс бар сари замин онҳоро ба мушкилоти бештар дучор гардонидааст, зеро мақомоти додгоҳӣ аз қабули аризаашон бо ҳар баҳона сарпечӣ мекунанд. Аммо ҳуқуқшинос Алоуддин Меҳмонов мегўяд, тибқи муқаррароти нав ҷамъ намудани аснод ва далел пурра ба зиммаи тарафи даъвогар гузошта шуда, бештари шаҳрвандон омода наестанд, ки мустақилона асноди лозимро ҷамъоварӣ ва ба додгоҳ пешниҳод кунанд.
XS
SM
MD
LG