Пайвандҳои дастрасӣ

Тармарезӣ дар ағбаи Шаҳристон


Як сол қабл бар асари тармарезӣ дар ҷодаи Хуҷанд-Душанбе 16 нафар ҷони худро аз даст дода буд

Як сол қабл бар асари тармарезӣ дар ҷодаи Хуҷанд-Душанбе 16 нафар ҷони худро аз даст дода буд

Бар асари резиши тарма дар гарданаи Шаҳристони шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе 7 нафар мусофир дар зери тарма мондаанд.

Ба гуфтаи ронандагон, 11 нафар мусофирин ба ҳангоми резиши тарма зери он мондаанд ва чаҳор нафари онҳо бо кӯмаки ҳамсафарон берун оварда шудаанд ва тақдири дигар нафарон, ки 7 нафар будаанд, номаълум мемонад.

Сарвари ситоди ҳолатҳои изтирории ноҳияи Айнии вилояти Суғд Зафар Мирзобошиев ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди баста шудани роҳ як гурӯҳи мусофирон хост, то минтақаи пурхатарро пиёда тай намояд, вале ҳангоми ҳаракати онҳо тарма фаромад.

Имрӯз рӯзи чаҳорум аст, ки бино ба бориши зиёди барф ва фаромадани тарма шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе аз тариқи тунели Анзоб ба гарданаи Шаҳристон мутаваққиф шудааст.

Ронандагон мегӯянд, агарчи масъулини роҳ ва вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон ҳануз дар мавсими фасли пойиз эълон доштанд, ки ин роҳ пурра ба фасли сармо омодааст, вале ҳаводиси ахиран рӯйдода собит мекунад, ки ин роҳ чандон ба фасли зимистон ва бориши барфи зиёду резиши тарма омода нест. Чунки, мегӯянд онҳо, дар роҳҳо техникаи муқтадир вуҷуд надорад ва як-ду техникае, ки дар ин ҷода фаъолият дорад, тавони ин тармаҳоро ҳарчи зудтар поккорӣ кардан надорад.

Аммо мусофирон дар ҳамин ҳол мегӯянд, дар ин ҷода ба ҳангоми рух додани офати табиӣ баста шудани роҳ ягон ҷойи будубош ва ғизохӯрӣ вуҷуд надорад. Ҳол он, ки аксари мусофирони дар банди тарма монда занону кӯдакон будаанд.
XS
SM
MD
LG