Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Гурҷистон ҳамкориҳояшонро тавсеа мебахшанд


ИМА тасдиқ кард, ки бо Гурҷистон лоиҳаи санади тавсеаи ҳамкориҳои стратегии дуҷонибаро баҳс дорад. 19-уми декабр ИМА ҳамин гуна паймони тавсеаи ҳамкориҳои стратегӣ бо Украинаро ҳам ба имзо расонида буд. Ба қавли мансабдорони амрикоӣ санади мавриди баҳс ба таҳкими амнияти Гурҷистон ва ҳамчунон ислоҳоти демокративу иқтисодии ин кишвар кумак карда, ҳамоиши Гурҷистон бо ниҳодҳои Авро-Атлантикиро тақвият мебахшад.

Рӯзи душанбе президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ гуфта буд, ки Гурҷистон ва ИМА созиши ҳамкориҳои стратегии дуҷонибаро арзёбӣ менамоянд.
XS
SM
MD
LG