Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эҳё ва густариши китобхонаҳо дар Кӯлоб


Шўъбаи фарҳанги шаҳри Кўлоб аз ҳукумат дархост намуд, то барои харидории адабиёти ҷадид бо забони тоҷикӣ дар соли нав ба онҳо 20 ҳазор сомонӣ (= 6 ҳазор доллари амрикоӣ) маблағ ҷудо намояд.

Хайрулло Тоҳиров, мудири шўъбаи фарҳанги шаҳри Кўлоб мегўяд, эшон бо ин маблағ тасмим доранд, то номгўи чанд адад китобҳои бо забони тоҷикӣ нашршударо барои китобхонаҳои шаҳру навоҳӣ дастрас кунанд. Инчунин вай афзуд, онҳо дар ҳоле чунин тасмим гирифтаанд, ки 80 фисади адабиёт дар китобхонаҳои шаҳр бо забони русӣ маҳфуз буда, аксарияти онҳо мазмунан куҳан шудаанд. Ҷаноби Тоҳиров бар ин аст, ки таъмини китобхонаҳои шаҳр бо адабиёти забони тоҷикӣ ва аз ҷиҳати мазмун нав дар солҳои наздик имконнопазир аст.

Феълан, ба қавли масъулин, дар китобхонаҳои шаҳру ноҳияи Кўлоб беш аз 135 ҳазор китоб нигаҳ дошта мешавад. Аммо, ғолибан теъдоди зиёди ин адабиёт, ки бо забони русӣ мунташир гаштаанд, иборат аз китобҳои таблиғии низоми коммунистӣ мебошанд. Дар пайвастагӣ ба ин мавзўъ, Назарбегим Умарова, мудири шўъбаи китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ, воқеъ дар маркази шаҳри Кўлоб мегўяд, солҳои ахир қисман ба китобхона адабиёти тозанашр ворид мегардад, вале бинобар кам будани шумори онҳо ба ҳамаи хонадагон дастрас гардонидан барои мутолиа мушкил шудааст.

Муштариёни китобхонаҳо, ки аксаран донишҷуёнанд, аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки ҳатто адабиёти тозанашри соҳавӣ низ бо забони русӣ мебошад, вале мушкили онҳо дар ин аст, ки забони русиро намедонанд.

Бад ин тартиб, масъулин бо вуҷуди норасоии адабиёт бо забони тоҷикӣ аз он изҳори хурсандӣ менамоянд, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ мардум дубора ба китобхонаҳо рў овардаанд. Ба унвони мисол, танҳо дар як китобхонаи шаҳр шумори нафарони аъзо ба китобхона барои аввалин бор дар соли ҷорӣ ба се ҳазор нафар расидааст.
XS
SM
MD
LG