Пайвандҳои дастрасӣ

Кушоиши марзи миёни Исроилу Ғазза ба таъхир афтид


Имрӯз бо ишора ба хушунат Исроил кушоиши марзаш бо минтақаи Ғаззаро ба таъхир гузошт. Сухангӯи вазорати мудофиаи Исроил гуфт, корвони созмонҳои байналмилалии ғайридавлатӣ бо маводи ғизоӣ ва доруву дармон, ки мебоист тавассути Исроил ба Ғазза убур намояд, иҷозати ҳаракат дар ин самтро дастрас нахоҳад кард. Ба гуфти ҳамин манбаъ шаби гузашта ва субҳи имрӯз ҷангҷӯёни фаластинӣ ба тарафи Исроил 12 мушаку гулӯла партоб намудаанд.
XS
SM
MD
LG