Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори як сарбози НАТО дар шарқи Афғонистон


Дар шарқи Афғонистон дар минтақаи амали нерӯҳои ИМА ҷангҷӯён як сарбози паймони НАТО-ро ба қатл расондаанд. Дар изҳороти паймон гуфта мешавад, ки сарбоз бо оташи душман ба ҳалокат расидааст. Имсол шумораи талафоти сарбозони амрикоии мустақар дар Афғонистон нисбат ба солҳои пеш бештар аст. Сарбозони ИМА дар охирҳои соли 2001-ум вориди хоки Афғонистон шудаанд. Дар давоми ду соли ахир дар Афғонистон мизони хушунат афзоиш ёфтааст. Аз ин рӯ, ИМА тасмим гирифтааст бар иловаи 32000 сарбози амрикоии мустақар дар Афғонистон ба ин кишвар боз 30000 сарбози тозанафас сафарбар намояд.
XS
SM
MD
LG