Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози сафорати Русия аз нашрияҳои Тоҷикистон


Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар робита ба матолиби як қатор ҳафтаномаҳои мустақили Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба вазорати хориҷаи Тоҷикистон нота ирсол кардааст.

Дар ин эътирознома аз якчанд ҳафтаномаи озоди кишвар, аз ҷумла «ФК-capital», «СССР», «Нигох», «Миллат» ва «Фараж», ном бурда шудааст, ки ба қавли сафорати Русия, ин ҳафтаномаҳо дар баррасии масоили муҳоҷирони кории тоҷик аксаран матолиби носаҳеҳу таҳрифшуда ба чоп мерасонанд ва дар қиболи раҳбарияти Русия навиштаҳои носазо нашр мекунанд.

Сафорати Русия дар нотаи худ чунин коргириҳои ҳафтаномаҳои номбурдаро «талоше барои аз Русия нақши душмани мардуми тоҷик сохтан» унвон кардааст. Дар номаи эътирозии худ сафорати Русия хостори андешидани чораҳои зарурӣ дар ин робита шудааст.

Нотаи сафорати Русия дар Душанбе дар ҳоле ироа мешавад, ки ахиран вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар бастагӣ ба куштори ваҳшиёнаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия ба сафорати Русия эътирознома ирсол карда буд.

Дар эътирозномаи худ вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз афзоиши ҳодисаҳои куштори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия боиси нигаронии шадид намуда, иттилоъ дода буд, ки аз оғози соли равон дар қаламрави Русия беш аз 600 нафар шаҳрванди Тоҷикистон фавтидааст, ки 84 нафари он аз ҷониби гурӯҳҳои миллатгарои рус кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG