Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Венесуэло кумаки ҳавопаймоҳояшро рад кард


Ҳуго Чавез-раиси ҷумҳури Венесуэло гузоришҳоро дар ин бора, ки Ирон ҳавопаймоҳои Венесуэлоро барои фиристодани қисматҳои мушакҳо ба Сурия ба кор бурдааст, рад кард. Чавез ин гузоришро бепоя хондааст ва онро бахше аз компойни "таҷовузи доимӣ" бар зидди Венесуэло тавассути "империя" номидааст. Вай бо вожаи "империя" ба Амрико ишора кардааст. Рузномаи "Ла Стампа"-и Итолиё аз қавли манобеъи кашф рузи якшанбе навишт, Ирон бо ҳавопаймоҳои ширкати давлатии "Конвиаса"-и Венесуэло ба Сурия компютер ва қисматҳои мотор фиристодааст, ки дар системи мушакӣ ба кор мераванд.

XS
SM
MD
LG