Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ағбаи Шаҳристон мошинҳо дар чанголи барф мондаанд


Бар асри резиши тарма роҳи автомобилрави Душанбе-Хуҷанд дар гарданаи Шаҳристон масдуд шудааст. Шабе, ки гузашт, хабарнигори радиои Озодӣ дар водии Зарафшон иттилоъ дод, ки ҳудуди 20 мошин дар қисмати ҷанубии ин гардана дар муҳосираи барф мондаанд. Чаҳор нафар аз мусофирон зери тарма мондаанд. Бо кумаки мусофирони дигар се нафар аз чанголи тарма раҳо шудаанд, аммо сарнавишти як нафари онҳо номаълум боқӣ мондааст. Баъд аз ин ҳодиса ронандаҳо аз бими хатари резиши тарма ва сармои зимистон мошинҳоро раҳо ва маҳалли ҳодисаро дар торикии шаб пиёда тарк кардаанд. Дар миёни онҳо занону кудакон низ ҳастанд. Дируз кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ ҳаракати нақлиёти мусофирбар дар водии Раштро низ ба сабаби бориши барфи зиёд мамнуъ эълон карданд.
XS
SM
MD
LG