Пайвандҳои дастрасӣ

Нируҳои ғайриамрикоӣ соли оянда дар Ироқ мемонанд


Порламони Ироқ тарҳи қонунеро ба тасвиб расонд, ки ба ҳукумат иҷоза медиҳад, то бо нируҳои ғайриамрикоии мустақар дар Ироқ барои боқӣ монданашон дар соли оянда мувофиқатнома имзо кунад. Намояндагони порламони Ироқ ин санадро замоне ба тасвиб расонданд, ки раиси порламон аз мақоми худ истеъфо дод ва бунбасти сиёсӣ боз шуд. Муҳлати қатъномаи СММ дар бораи истиқрори нируҳои хориҷӣ дар Ироқ 31-уми декабр ба поён мерасад ва агар ин санад ба тасвиб намерасид, баъд аз он ҳузури нируҳои ғайриамрикоӣ дар Ироқ ғайриқонунӣ дониста мешуд. Дар бораи ҳузури нируҳои амрикоӣ дар Ироқ порламон санади дигаре ба тасвиб расондааст.
XS
SM
MD
LG