Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси Маҷмаъи кишварҳои содиркунандаи гоз


Вазирони энержии бузургтарин кишварҳои содиркунандаи гоз дар нишасти Маскав
Вазирони энержии бузургтарин кишварҳои содиркунандаи гоз дар нишасти Маскав

Вазирони энержии кишварҳои содиркунандаи гоз як ниҳоди нави байнулмилалӣ таъсис доданд.

Вузарои як қатор мамолики содиркунандаи гоз зимни як нишаст дар шаҳри Маскав бар сари асосномаи як ниҳоди нави байнулмилалӣ - «Маҷмаъи кишварҳои содиркунандаи гоз» ба тавофуқ расиданд. Ширкаткунандагони нишаст шаҳри Доҳа – пойтахти Қатарро ба унвони мақарри доимии ин созмон интихоб карданд.

Ба ин ниҳоди ҷадиди байнулмилалӣ, ки ба Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт - ОПЕК шабеҳият дорад, кишварҳои дорои бузургтарин захоири гоз дар ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Эрон, Қатар, Венесуэла, Нигерия, Либия, Малайзия, Миср, Аморати Муттаҳидаи Араб, Боливия, Бруней, Индонезӣ ва Тринидаду Тобаго низ шомил мебошанд. Ҳайатҳои ин кишварҳо аз соли 2001 ба ин сӯ ҳамасола барои баррасии масоили мубрами тавлиди гази табиӣ нишастҳо доир мекунанд.

Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки таъсиси ин созмони нав боиси нигаронии кишварҳои Ғарб хоҳад шуд, зеро аз нигоҳи онҳо, Русия бо таъсиси ин гуна созмон ва тавассути назорати содироту қиммати газ фишорро болои кишварҳои Ғарб афзоиш хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG