Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои содиркунандаи гоз Маҷмаъи худро сохтанд


Кишварҳои содиркунандаи гоз дар бораи ташкили маҷмаъи худ дар нишасти Маскав ба тавофуқ расидаанд. Маркази Маҷмаъи кишварҳои содиркунандаи гоз дар шаҳри Доҳаи Қатар ҷойгир хоҳад буд. Аз он ба истилоҳ "ОПЕК-и гозӣ" ҳам ном мебаранд. Дар нишасти кишварҳои муҳими содиркунандаи гоз дар Маскав Влодимир Путин-нахуствазири Руссия пешниҳод кард, ки маркази ин маҷмаъ дар Санкт Петербург ифтитоҳ шавад. Вале ширкаткунандагон дар бораи маркази маҷмаъ пешниҳоди Қатарро пазируфтанд. Мақомоти Руссия мегуянд, ин Маҷмаъ мисли ОПЕК ё кишварҳои содиркунандаи нафт бо маҳдуд кардани истихроҷ намехоҳад ба нархи гоз таъсир расонад.
XS
SM
MD
LG