Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Амрико аз бастани дафтари Ибодӣ дар Ирон


Вазорати хориҷаи Амрико аз Ирон интиқод кардааст, ки дафтари ҳуқуқи башарро дар Теҳрон бастааст. Раҳбарии ин дафтарро Ширин Ибодӣ-барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел бар уҳда дорад. Шон мак Кормак-сухангуи вазорат гуфт, бастани ин дафтар бозтоби бад шудани вазъи ҳуқуқи башар дар Ирон аст. Рузи якшанбе мақомоти Ирон дафтари ҳуқуқи башари Ширин Ибодиро бастанд ва гуфтанд, ин дафтар ба фаъолияти ғайримуҷоз машғул будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG