Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

STAR TV дар Ҳонг Конг шабакаи форсӣ боз мекунад


Дар авоили моҳи январи соли 2009 ширкати телвизюнии STAR ё Ситора марказаш дар Ҳонг Конг ба пахши барномаҳо ба забони форсӣ оғоз мекунад. Дар эъломияи ин телвизюн омадааст, ҳоло дар саросари ҷаҳон 100 милиён нафар ба забони форсӣ гуфтугу мекунанд ва форсӣ забони давлатии Ирону Афғонистон ва Тоҷикистон аст. Ҳоло телвизюни STAR аз 15 шабака ба 10 забон барнома пахш мекунад ва бахши форсии он дар Дубай дафтари худро боз мекунад. Бино ба хабари мазкур, ин дафтар ҳамаи минтақаи Ховари Миёнаро зери пушиш хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG