Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қазон барои мусалмонҳо фурӯшгоҳ сохтанд


Дар арафаи Соли Нав дар шаҳри Қазон, пойтахти Тотористон нахустин фурӯшгоҳи бузург барои мусалмонҳо ифтитоҳ мешавад. Гуфта мешавад, ки дар ин ҷо фақат маҳсулоти ҳалол, яъне мутобиқ ба қавонини шариати Ислом ба фурӯш гузошта хоҳад шуд. Дар мағоза аз фурӯши машрубот, сигор ва маҳсулот аз гӯшти хук парҳез мешавад. Соҳибони фурӯшгоҳ гуфтанд, ки дар толор намозгоҳ ва қаҳвахона барои муслимин низ мавҷуд аст.

Ва аммо Идораи мусалмонҳои Тотористон ба ҳалол будани ҳама маҳсулоти фурӯшгоҳи нав бо назари шубҳа менигарад. Дар ин Идора кумитаи вижа барои муқаррар кардани меъёри “молу маҳсулоти ҳалол” амал мекунад,вале соҳибони фурӯшгоҳ ба он боре ҳам муроҷиат накардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG